«АЗ ХУРОСОНАМ КАШИДӢ, ТО БАРИ ЮНОНИЁН…». Ба гиромидошти хотираи мутафаккири бузурги тоҷик мавлоношиносони ҷаҳон дар Париж ҷамъ меоянд
- 7-06-2024, 15:32
- КУЛЬТУРА
- 0
- 302
Foto:khovar.tj
Тавре қаблан иттилоъ додем, 7-8 июни соли 2024 барои иштирок дар Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти яке аз чеҳраҳои шинохтаи илму адаби тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) донишмандону муҳаққиқон ва мавлоношиносон аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар қалби Аврупо-шаҳри Париж ҷамъ меоянд.
Шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки зодаи Вахшонзамини Тоҷикистон аст, дар арсаи суханварӣ ҳамчун нобиғаи назми классикии форсу тоҷик эътироф гардидааст. Мероси адабии Мавлоно хеле пурарзишу рангоранг буда, аз лиҳози навъи сухан фарогири назму наср аст. Ҷалолуддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик буда, бо мероси адабии худ: «Девони Шамс», «Маҷолиси сабъа», «Мактубот», «Фиҳи мо фиҳ» ва «Маснавии маънавӣ» ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Дар ин асарҳо шоир ҳаёти замона, зиндагии талху гуворо, шароити созандаю парешони мардуми сарзамин ва дигар мавзуъҳои гуногунро ба қалам додааст, ки то имрӯз ибратбахш боқӣ мондаанд. Мавлоно яке аз машҳуртарин фарзандони миллати тоҷик аст, ки бо гузашти 8 қарн то ҳанӯз осор ва андешаҳои мондагораш арзиши худро нигоҳ доштаанд.
Дар иртибот ба ҷойгоҳи Мавлоно дар ташаккули адабиёти классикии форсу тоҷик ва ҷаҳон бо доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ суҳбат намудем.
АМИТ «Ховар»: Лутфан бигӯед, ки ҷавҳари асосии таълимоти Мавлоноро кадом мавзуъҳои мубрам ташкил медиҳанд?
Хуршед Зиёӣ: Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳояшон бо арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги таърихии миллати тоҷик, хусусан Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (9 марти соли 2024) дар баробари дигар мутафаккирони барҷастаи миллати тоҷик, ба мисли Сино, Ғаззолӣ ва дигарон, ки дар таърихи фарҳанги миллати форсу тоҷик нақши муҳим гузоштаанд, пеш аз ҳама, номи Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро гирифтанд. Воқеан, Мавлоно аз миллати тоҷик баромада, ба миллати тоҷик ва ба кулли инсоният хизматҳои шоиста ва бузург намудааст. Пешвои миллат иброз намуданд, ки Мавлоно дар марзи се тамаддун қарор гирифта, таълимоте пешниҳод намуд, ки дархӯри тамоми инсоният аст.
Таълимоте, ки Ҷалолиддини Балхӣ дар доираи ирфон баён намуд, таълимоте аст, ки дархӯри намояндагони тамоми динҳо, давлатҳо ва тамоми инсоният аст, зеро таҳаммулпазирии динӣ ва қавмӣ замина ва ҷавҳари асосии таълимоти Мавлоно аст.
АМИТ «Ховар»: Дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир то чӣ андоза аз ашъори Мавлоно истифода карда метавонем?
Хуршед Зиёӣ: Таълимоти Мавлоно таълимотест, ки мутафаккирон бо сабаби мушобеҳ намудан ба таълимоти дигари инсонӣ роҳи сеюми Мавлоно номидаанд ва он ба фазою вақт пайвастагӣ надорад. Бинобар ин дар ҳар давру замон, дар ҳар минтақа мо метавонем аз он иршод, дастуру ҳидоятҳое, ки Мавлоно дар таълимоташ овардааст, истифода барем. Мавлоно таъкид менамояд, ки ӯ намояндаи миллати ишқ аст ва миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудо аст. Мавлоно дар муҳите мезист, ки дар он мардумаш мусалмон, масеҳӣ ва дигар қабилаҳое буданд, ки аз ҳар гӯшаю канори Аврупо ва Осиё ҷамъ омада буданд. Ва ӯ бо намояндагони тамоми динҳо ва миллатҳо муносибати якхела дошт, чунки мегуфт: «Мақсуд яктост, вале роҳ гуногун аст». Яъне ҳама бо як мақсад мераванд ва роҳҳо гуногун аст. Ӯ дар масҷид бо мусалмонон сухан мегуфт, дар калисо бо насрониён гуфтугузор мекард ва бо ҳамсояҳояш яҳудиён, ки дар як шаҳр мезистанд, муносибати хуб дошт. Аҳмади Афлокӣ дар тазкирааш «Мунофикул мурофиа» гуфтааст, ки «вақте Мавлоно вафот намуд, дар ҷанозаи ӯ ҳам мусалмонон ва ҳам масеҳиён иштирок доштанд ва ҳар кадоме Мавлоноро донишманди хуб ва моли худ мегуфт».
Нуқтаи аввале, ки мо метавонем дар давраи муосир аз таълимоти Мавлоно истифода намоем, маҳз ҳамин таҳаммулпазирии динӣ, ҳамзистии осоиштаи намояндагони динҳо ва қавму миллатҳои гуногун аст. Зеро ҳар қавму миллат забони худро дорад, вале Мавлоно як шиоре дошт, ки гӯё барои имрӯз навишта шуда бошад: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Аз ин рӯ, дар тамаддуни муосир, ки фарҳангу миллатҳои гуногунро фаро мегирад, новобаста аз ин мо бояд, ки ҳамзистии осоиштаро бо тамоми халқу миллатҳо, намояндагони тамоми дину мазҳабҳо ба роҳ монем ва ин он сухане аст, ки Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ» ва ё дар «Девони кабир»-и худ гуфтааст ва он имрӯз метавонад ба ҷомеа хизмат намояд.
АМИТ «Ховар»: Паҳлуи дигари таълимоти Мавлоно ба кадом мавзуъҳо бахшида шудааст?
Хуршед Зиёӣ: Албатта, инсондӯстӣ, зеро Мавлоно таълимоте дорад, ки дар он инсон ҳамчун маркази доираи фалак дар маркази таълимоти шоир ҷой гирифтааст. Аз ин рӯ, инсоншиносӣ ё худшиносӣ ҷавҳари асосии таълимоти Мавлоно аст.
Мавлоно дар таълимоташ таъкид менамояд, ки инсонҳо якхелаанд ва бо ҳамдигар баробар ҳастанд ва он тафовуте, ки вуҷуд доранд ва ё дар ҷараёни зиндагӣ ба вуҷуд меоянд, муҳим нестанд. Инсонҳо бо ҳамдигар бояд муносибати хуб дошта бошанд, аз ҷумла саховатмандӣ ва дигар одоби ҳамида. Мавлоно таълим медиҳад, ки инсон бояд кумакрасони дигарон бошад, танҳо дар фикри худ набошад. Аз ҷумла, як ривояте ҳаст, ки аз Мавлоно пурсон мешаванд: чаро ҳар чизеро, ки ба Шумо медиҳанд, Шумо ба мардум ва ё дӯстонатон тақсим мекунед? Мавлоно ба ин савол чунин посух медиҳад: «Агар дар хонаи ман серӣ бошад, ман чунин фикр мекунам, ки дар ҷаҳаннам ҳастам. Бинобар ин ҳар чизе, ки дорам, ба мардум медиҳам». Хушбахтона, Мавлоно шогирдон ва ҳам фарзандонашро, ки дар ҳамин руҳия тарбия намуда буд, дар байни мардуми Қуния, ки Мавлоно онҷо мезист, обрӯю нуфузи хеле баланд доштанд. Агар мо «Мактубот»-и Мавлоноро хонем, мебинем, ки ҳамаи мактубҳои Мавлоно ба номи ҳокимони ягон минтақа ва ё ҳокимони давлат навишта шудаанд, аз ҷумла дар яке чунин гуфта шудааст: «Ин нафарро ба ҷомапулӣ дастгирӣ намоед». Ҷомапулӣ гуфта, идрорпулӣ барои таълимгирандагони мадрасаҳоро дар назар дошт. Ва ё онҳое, ки дар дигар минтақаҳо кор мекарданд, ӯ ба ҳокимон менавишт, ки «ҳамон нафар бо мақсади дарсомӯзӣ рафтааст ва ӯро дастгирӣ намоед», яъне инсондӯстӣ ҷавҳари асосии таълимоти Мавлоно мебошад.
Аз асри 13 то ибтидои асри 20 ва ҳоло ҳам мазмуне, ки дар таълимоти Мавлоно буд, дар байни дӯстдорон ва пайравони шоир ва шеъру ашъори ӯ то ҳанӯз побарҷост.
АМИТ «Ховар»: Ҷойгоҳи Мавлоно дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ аст?
Хуршед Зиёӣ: Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми Пешвои миллат арҷгузорӣ ба Мавлоно ва осори ӯ дар Тоҷикистон хеле боло рафт. Дар ҷануби Тоҷикистон ноҳияе Ҷалолиддини Балхӣ номгузорӣ шуд. Ду маротиба Президенти Тоҷикистон ба зиёрати оромгоҳи Мавлоно дар шаҳри Қуния рафта буданд ва намунаи хоки мазори Мавлоно ба Тоҷикистон оварда шуд, хона-музейи шоир, мақбара бунёд гардида, муҷассамаи хеле боҳашамати Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гузошта шудааст, ки аз арҷгузорӣ нисбат ба ин мутафаккири бузург ва ҷойгоҳи шоистаи Мавлоно дар Тоҷикистон дарак медиҳад. Мавлоно шахсият ва мутафаккири бузурге аст, ки дар давраи то замони соҳибистиқлолӣ мо, мутаассифона, аз мутолиаи осори ӯ маҳрум монда будем. Хушбахтона, дар замони Истиқлолият шеърҳо, девон ва китобҳои манзуму мансури Мавлоно дар Тоҷикистон чоп шуданд ва миллати тоҷик имкон дорад, ки онҳоро хонад ва манфиат бардорад. Хушбахтона, соли 2007 бо иқдоми Президенти Тоҷикистон дар Душанбе бахшида ба 800–солагии Мавлоно конфронси байналмилалӣ бо иштироки намояндагони 32 давлати ҷаҳон баргузор гардид. Дар он Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуда, мутафаккири бузург ва намояндаи миллати тоҷик будани Мавлоноро дар сатҳи баланд ба тамоми ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Бо иқдоми Президенти мамлакат ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз соли 2023 Куллиёти Мавлоно ба Феҳристи мероси таърихии инсоният аз ҷониби ЮНЕСКО ворид гардид ва дар ин рӯзҳо дар сатҳи ЮНЕСКО дар Париж конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Мавлоно- осор ва рӯзгори ӯ» гузаронида мешавад.
АМИТ «Ховар»: Иштироки Тоҷикистон дар ин чорабинӣ дар кадом сатҳ аст?
Хуршед Зиёӣ: Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани конфронси байналмилалӣ бо ибтикори Тоҷикистон Кумитаи тадорукот таъсис ва омодагии ҷиддӣ дида шуд. Мавлоношиносон дар шакли армуғон китобҳои шоирро бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ чоп намуданд, ки дар Париж муаррифӣ мегардад. Аз ҷумла, нашриёти «Ирфон» «Гулчини ғазалиёт» ва «Ҷоми ҷон»- баргузидаи рубоиёти Мавлоноро бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсӣ бо ороиши баланд ба нашр расонд. Ин шоҳасарҳои ҷовидона мунтахабе аз ғазалиёти ҷаззобу дилошӯб ва баргузидаи рубоиҳои шоири бузурги форсу тоҷик Мавлоно ҳастанд. «Гулчини ғазалиёт» ва «Ҷоми ҷон»- баргузидаи рубоиёти Мавлоно- ҳар яке моро ба сулҳу ваҳдат, озодӣ, рушду камолот, худшиносиву худогоҳӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва пайваста оқилу ҳушёр будан даъват менамоянд. Инчунин дар доираи конфронси байналмилалӣ намоиши асарҳои Мавлоно ташкил гардид.
АМИТ «Ховар»: Дар Тоҷикистон барои таъсиси Бунёди Мавлоно ва омӯзиши осори ӯ чи тадбирҳо андешида мешавад?
Хуршед Зиёӣ: Дар арафаи таҷлили 800-солагии Мавлоно тасмим гирифта шуд, ки дар Тоҷикистон Бунёди Мавлоно таъсис дода шавад. Дар сурати таъсиси ёфтани он дӯстдорони Мавлоно дар Тоҷикистон ва муҳаққиқон, ки дар соҳаи адабиёт ва фалсафа ба таҳқиқи осори Мавлоно машғул ҳастанд, барои шинохти бештари ин нобиға имконият пайдо менамоянд. Дар ин самт қадамҳои нахустин гузошта шудаанд. Чуноне ки гуфтем, Куллиёти Мавлоно, ки аз 5 асар иборат аст, ба фарҳанги мероси таърихии исломӣ дохил шудааст. Хушбахтона ҳар панҷ асари Мавлоно чоп шудаанд. Инҳо «Маснавии маънавӣ» ва «Девони Кабир» дар чор ҷилд буда, асари мансури Мавлоно, ки дар шакли наср аст, ин «Маҷолис –ус-сабъа», «Фиҳӣ мо фиҳ» ва «Мактубот» аст, ки аз ҷониби банда ба хати кириллӣ баргардон ва нашр шудаанд. Минбаъд муҳаққиқони тоҷик саъй менамоянд, ки асарҳои Мавлоноро бо теъдоди зиёд ба нашр расонанд, то пешкаши дӯстдорони осори Мавлоно гарданд.
АМИТ «Ховар»: Дар боло гуфтед, ки ашъори Мавлоно дар замони то соҳибистиқлолӣ мамнуъ буд, чаро?
Хуршед Зиёӣ: Ин масъаларо адабиётшинос ва шарқшиноси маъруф Иосиф Брагинский дар хотироташ тавзеҳ додааст. Дар даврони собиқ ба адабиётшинос супориш дода буданд, ки рӯйхати асарҳоеро таҳия намояд, ки бояд тоҷикон онҳоро нахонанд. Иосиф Брагинский пеш аз маргаш гуфта буд, ки «ман ба мардуми тоҷик хизмати зиёд кардам ва як «хизмати хирсона» ҳам намудам, ки зимни таҳияи рӯйхати асарҳои мамнуъ асарҳои Мавлоно «Маснавии маънавӣ»-ро ворид кардам, ки ҳоло хеле пушаймонам». Хушбахтона, дар давраи Истиқлоли давлатӣ тамоми асарҳои Мавлоноро дастрас намудем ва онҳоро мутолиа менамоем. Мутолиаи осори Мавлоно новобаста аз он ки намояндаи миллати тоҷик аст ё миллати дигар, ҳатман ба кулли мардум писанд буда, бешубҳа ба ҳама фаҳмо ва дастрас аст. Ибтидои соли 1996 дар Амрико шеърҳои Мавлоно аз ҳама серхонандатарин ё (Besseral) ҳисобида шуданд, зеро шеър ва таълимоти Мавлоно на танҳо аз нигоҳи забонию бадеӣ, балки аз нигоҳи андеша ва ақида ҳам ба кулли мардум фаҳмо ҳастанд. Хушбахтона, кулли ашъори Мавлоно ба ғайр аз 10 мисраъ дигар ҳама ба забони тоҷикӣ эҷод шудааст.
АМИТ «Ховар»: Солҳои охир дар мавриди мансубияти этникии Мавлоно дар байни олимони баъзе давлатҳо баҳсҳо идома доранд. Назари Шумо нисбат ба ин масъала чӣ гуна аст?
Хуршед Зиёӣ: Воқеъан, солҳои охир вақте осори Мавлоно дар Аврупо ва Амрико хеле машҳур гардид, соҳибони зиёде дар байни мардумони туркзабон ва Эрону Афғонистон пайдо намуд. Ман дар ин хусус як мақола ҳам навишта будам. Доир ба зодгоҳ ва мансубияти этникии Мавлоно ду китоби хеле бузург аст, ки дар бораи дар куҷо таваллуд шудани Мавлоно дарак медиҳанд. Ин китобҳо «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно ва китоби падари ӯ Баҳоуддини Валад -«Маориф» мебошанд. Падараш дар ин китоб навиштааст, ки соли 1203-1210 дар Вахшонзамин, дар яке аз масҷидҳо воиз ва оилааш ҳам бо ӯ буд. Дар ин байн дар солҳои 1203-1210 Мавлоно ба дунё омад. Дар Маснавиаш Мавлоно ҳангоми пирӣ ёд аз ҷои таваллуд менамояд ва мегӯяд, ки:
Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқ асту дурахш,
Дар дурахше кай тавон шуд сӯи Вахш?
Муҳаққиқони амрикоӣ ҳам таъкид намудаанд, ки зодгоҳи Мавлоно Вахшонзамин, дар километри 65-уми самти Душанбе мебошад. Инчунин муҳаққиқ Бадеъуззамони Фурӯзонфар охири солҳои 60-и асри гузашта ба хонаи Садриддин Айнӣ меравад ва соҳибхона мегӯяд, ки барои меҳмон кӯрпача биёред. Бадеъуззамони Фурӯзонфар мегӯяд, ки «тамоми луғату фарҳангҳоро кофтам, ки калимаҳои истифодаи Мавлоноро ёбам, вале наёфтам, аммо фарҳанги Мавлоно дар Тоҷикистон будааст».
Дар бораи мансубияти этникии Мавлоно мегӯянд, ки гӯё турк бошаду дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, аммо чунин нест. Мавлоно дар асарҳояш навишта ва аз тарҷумаи ҳолаш низ маълум аст, ки ҳангоми ҳамлаи урдуи муғул хонаводаашон аз Вахшонзамин ба сӯи Осиёи Сағир ё Туркияи имрӯза муҳоҷират менамояд ва дар байни ҳамсафони падараш як мард бо номи Шарофиддини Самарқандӣ буд, ки Мавлоно бо духтари ӯ Гавҳар издивоҷ менамояд. Ҳангоме, ки Гавҳар аз олам мегузарад, Мавлоно бо як хонуми туркӣ издивоҷ намуда буд ва ӯ ҳамеша мегуфт, ки:
Ту моҳи туркию азбаски ман турк нестам,
Донам ман он қадар, ки ба туркист «об» — «сув.
Инчунин Мавлоно яке аз шоироне аст, ки дар ашъораш калимаи тоҷикро бештар истифода намудааст. Агар дар осори шоири бузурги форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ калимаи тоҷик дар се-чор маврид омадааст, дар осори Мавлоно калимаи тоҷик 8 маротиба истифода шудааст. Ин нишони он аст, ки Мавлоно аз қавми тоҷик мебошад.
Мутолиаи ашъори Мавлоно дар замони то соҳибистиқлолӣ мамнуъ буд ва бо мушарраф гардидан ба Истиқлоли давлатӣ манъ кардани омӯзишу мутолиаи осори Мавлоно- аз байн бурда шуд. Имрӯз дар радифи маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ», «Бедилхонӣ» дар арафаи зодрӯзи Мавлоно маҳфили «Маснавихонӣ» низ гузаронида мешавад.
Умуман осори Мавлоно дастраси кулли мардум аст. Таълимоти Мавлоно таълимоти фарогир аст, андешаҳои зиёде дорад, ки имрӯзу фардо низ мардумро ба сӯи ояндаи дурахшон ҳидоят менамоянд.
Мусоҳиб Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»